Чорумин ҷашнвораи “Ҳамам” (осор ва ҳунарҳои афроди дорои имконияти маҳдуд) рӯзи панҷшанбе, 1-уми обонмоҳ, бо намоиши 415 асар дар бахшҳои наққошӣ, тарроҳӣ, ҳунарҳои дастӣ, ҳунарҳои суннатӣ, инчунин бо иҷрои мусиқӣ ва театр аз ҷониби ҳунармандони маъюб дар Фарҳангистони ҳунар (воқеъ дар хиёбони Валииасри шаҳри Теҳрон) ифтитоҳ гардид.